Соли 1995
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 1995)
1995.
| Солҳо |
|---|
| 1991 · 1992 · 1993 · 1994 — 1995 — 1996 · 1997 · 1998 · 1999 |
| Даҳаҳо |
| 1970-ум · 1980-ум — 1990-ум — 2000-ум · 2010-ум |
| Садаҳо |
| садаи XIX — садаи XX — садаи XXI |
Соли 1995 (ҳазору нуҳсаду наваду панҷум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи якшанбе оғоз мешавад. Ин соли 1995-и мелодӣ, соли 5-уми даҳаи нуҳуми асри 20.94-и ҳазораи 2.994, соли панҷуми солҳои 1995-ум аст.
Руйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 17 май - 19 май – Дар шаҳри Кобул нахустин мулоқоти мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи оташбас, идомаи музокироти сулҳ ва тадбирҳои таҳкими эътимоди байниҳамдигариро баррасӣ намуданд[1][2][3]
- 21 май -1 июн – Дар шаҳри Алмато даври чоруми музокироти байни тоҷикон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои татбиқи созишномаҳои қаблӣ ва идомаи раванди сулҳ баррасӣ шуданд.[4][5][6]
- 19 июн – Дар шаҳри Теҳрон мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои суръат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оташбасро муҳокима намуданд.[7] [8][9]
* 17 август * – Бо мусоидати Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти ғоибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИНОТ байни шаҳрҳои Душанбе ва Кобул баргузор гардид. Дар натиҷаи он ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи музокироти сулҳ изҳор намуданд.[10][11][12]
- 9 октябр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармони «Дар бораи ҷудо намудани 50 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон»-ро ба имзо расонд. Фармон барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва дастгирии хоҷагиҳои шахсӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.[13][14]
- 30 ноябр -22 декабр – Дар шаҳри Ишқобод даври панҷуми музокироти байни тоҷикон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои татбиқи оташбас, баргардонидани гурезаҳо ва ташкили механизмҳои татбиқи созишномаҳои сулҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.[15][16][17]
- 2 декабр – Дар ҷараёни даври панҷуми музокироти сулҳ дар шаҳри Ишқобод неруҳои мухолифи сиёсӣ расман таҳти унвони «Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик» (ИНОТ) муттаҳид гардиданд, ки минбаъд ҳамчун тарафи дуюми музокироти сулҳи байни тоҷикон иштирок намуд.[18][19]
Солномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солномаи 1995.
[вироиш | вироиши манбаъ]Солнома 1995. Соли пешрафти сулҳсозӣ[20]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сулҳ ва ваҳдати миллӣ(тоҷ.). www.president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 43-44.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 98.
- ↑ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат(тоҷ.). mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 465
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 97.
- ↑ Сулҳ ва ваҳдати миллӣ(тоҷ.). www.president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 46-47.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 98.
- ↑ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат(тоҷ.). mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 46-47.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 98.
- ↑ Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.president.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история). Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С. 520.
- ↑ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат(тоҷ.). mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. Душанбе:«Деваштич»,2006. С. 50-51.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 96.
- ↑ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат(тоҷ.). mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). Душанбе,2011. С. 554.
- ↑ Солнома 1995. Соли пешрафти сулҳсозӣ(тоҷ.). www.prezident.tj. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1 августи 2026 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
| Соли 1995 дар Викианбор |